Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи амрикоӣ дар Сурия

Радиои тоҷикӣ 40 views

Манобеи хабарӣ эълом карданд, як пойгоҳи таҳти ишғоли низомиёни террористи амрикоӣ дар Дайруз Зури Сурияи ҳадафи исобати дастикам 8 мӯшаки ракет қарор гирифт.

Ба гузориши Собирин ниюз, як пойгоҳи амрикоӣ дар Дайруз Зури Сурия ҳадафи чандин мӯшаки ракет қарор гирифт.

Собирин ниюз эълом кард, ин пойгоҳ як майдони нафтӣ дошта ва таҳти ишғоли низомиёни террористи артиши Амрико буд.

8 мӯшак ба ин пойгоҳ исобат кардааст ва дӯди ғализе аз он хориҷ мешавад.

Ҳароси амрикоиҳо аз ҳамла ба пойгоҳи Дайруз Зур шабакаи телевизионии Алҷазира низ дар ин бора эълом кард, низомиёни амрикоӣ бо тирандозӣ ба маҳали партоби мӯшакҳо ба ин ҳамла посух доданд.

Расонаҳои наздик ба нерӯҳои мардумии Ироқ низ эълом карданд, як бомбаборони ракетии нерӯҳои эътилофи байналмилалиро дар Дайруз Зур воқеъ дар Сурия ҳадаф гирифт.

Add Comments